< Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини 40 км марз ба мувофиқа расиданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини 40 км марз ба мувофиқа расиданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини 40 км марз ба мувофиқа расиданд
Кори комиссия идома хоҳад ёфт, мулоқоти навбатии намояндагони кишварҳо моҳи август дар назар аст

 Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи нишасти гурӯҳи корӣ қисмате аз марзи байни кишварҳоро муайян сохтанд, хабар медиҳад хабаргузории 24.kg.

Қайд карда мешавад, ки кори гурӯҳ идома хоҳад ёфт, ҷаласаи навбатии гурӯҳ моҳи август дар назар аст.

Қаблан Қирғизистон ва Тоҷикистон барои тавсифи хатти сарҳади давлатии байни кишварҳо дар қисматҳо аз нуқтаи сарҳадии рақами 43 то нуқтаи сарҳадии рақами 61 ва аз нуқтаи сарҳадии 135 то нуқтаи сарҳадии рақами 141 мувофиқа карда буданд.

Ёдрас мешавем, ки дарозии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ба 970 километр мерасад.

Қисми сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.

Сабаби асосӣ қаламравҳои тақсимнашуда аст, ҷонибҳо аз замони фурӯпошӣ натавонистанд дар бораи моликияти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ ба мувофиқа расанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий