< Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон маълум шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон маълум шуд

Замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон маълум шуд
Душанбею Ишқобод тайи як сол аст, ки ба сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон омодагӣ мегиранд

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ишқободро гуфт.

Дар назар аст, сафари президенти Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи август баргузор шавад, гуфт, Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷа.

"Тӯли як сол шуд, ки мо бо ҷониби Туркманистон оид ба сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Туркманистон кор карда истодаем", - гуфт Муҳриддин.

Қаблан комиссияҳои байниҳукматӣ низ дар ин самт таҳия шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ахиран суҳбати телефонии президентҳои Тоҷикистону Туркманистон ба муносибати зодрӯзи Бердимуҳаммадов охири моҳи гузашта баргузор шуд, ки ӯ Эмомалӣ Раҳмонро ба меҳмонӣ даъват кард.

Дар ҷараёни суҳбат, Бердимуҳаммадов, Президенти Тоҷикистонро ба Туркманистон даъват кард ва Эмомалӣ Раҳмон таклифи ӯро пазируфт.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий