< Ҷавоне, ки дар Қазон 7 хонанда ва ду омӯзгорро паронд, девона баромад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷавоне, ки дар Қазон 7 хонанда ва ду омӯзгорро паронд, девона баромад

Ҷавоне, ки дар Қазон 7 хонанда ва ду омӯзгорро паронд, девона баромад
Ташхиси Илназ Галявиев, ки дар қатли 7 хонандаву ду омӯзгор муттаҳам дониста мешавад, бемори рӯҳӣ доштанашро тасдиқ кард, менависад "Газета ОНК".

"Мувофиқи маълумоти мо, маркази давлатии тадқиқотии психиатрияи ба номи В.П. Сербский, "тирандоз" - и Қазон, Илназ Галявиевро ба ҳангоми содир намудани ҷинояти куштор, девона эълон кард", - гуфта мешавад дар хабр.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 май дар яке аз макотиби Қазон куштори оммавӣ иттифоқ афтод. Ҷавони 19 - сола, ки худ хатмкардаи ин боргоҳ мебошад, бо истифода аз маводи тарканда, аввал инфиҷор анҷом дод ва сипас вориди бинои мактаб шуда, 7 хонанда ва ду омӯзгорро ҳадафи тир қарор дод.

Дар ин ҳодисаи нангин ҳамзамон 24 нафар ҷароҳатдор шуданд.

Феълан, муттаҳам дар ин ҷиноят дар боздошт қарор дорад ва алайҳи ӯ парванди ҷиноятӣ боз гардидааст. Агар бемори рӯҳӣ доштани ӯ тасдиқ намешуд, номбурда эҳтимол ҳабси абад мегирифт.

Пас аз рух додани ин ҷиноят назорати гардиши силоҳ дар Қазон пурзӯр шуд. Агар қаблан барои афроди аз 18 - сола боло ҳаққи бо худ гардондани силоҳ дода мешуд, ҳоло ин кор барои нафароне аз 21 - сола боло имконпазир аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий