< Дар Тоҷикистон 25 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон 25 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Дар Тоҷикистон 25 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 25 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 15 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манба, аз бемории мазкур 2 нафар фавтидаанд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 2 июл дар кишвар 13548 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13333 нафар (98,4%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 92 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий