Наҷиев бо 60 000 доллар ба даст афтод
Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи 29 июн Илҳом Наҷиев, як барномасози компютерии фурудгоҳи Душанберо дар ҳуҷраи кориаш дастгир кардаанд. Манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки Илҳом Наҷиев ба қочоқи маблағҳои бузурги асъори хориҷӣ гумонбар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, кормандони КДАМ аз ҳуҷраи кории Илҳом Наҷиев 60 ҳазор доллар пули нақд пайдо кардаанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Илҳом Наҷиев дар фурудгоҳ мутахассиси IT буд, вале барои таъмини рӯзгор ба соҳибкорон барои интиқоли пулашон ба хориҷи кишвар кумак мекард. Ҳамсуҳбатони “Бомдод” гуфтанд, ки ӯ асосан ба самти Дубай пул мефиристод.
Ҳоло ба Илҳом Наҷиев бар асоси моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои муомилаҳои ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ҷаримаи ҳангуфт (аз 1275 то 1642 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ваё аз 7 то 9 соли зиндон таҳдид мекунад. Ба ӯ ҳамчунин бар асоси моддаи 289 барои қочоқи маблағи бузурги асъори хориҷӣ бо сӯиистифода аз мақоми хидматӣ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Комментарии (0)