< Замони имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон маълум шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Замони имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон маълум шуд

Замони имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон маълум шуд
Имтиҳонҳои дохилшавӣ бо риояи тамоми чораҳои беҳдоштӣ баргузор мешаванд. Гуфта мешавад, қабл аз дохил шудани довталабон ва дигар масъуллон ба марказӣ миллӣ ҳарорати бадани онҳо ҳатман санҷида мешавад

Маркази миллии тестӣ даври аввали имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои ҷумҳуриро эълон кард, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, даври аввал аз 1 то 7 июл сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, дар баробари баргузор гардидани даври асосӣ, ҳамчунин имтиқонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус низ дар донишгоҳу ждонишкадаҳо доир мегардад.

Зимнан, холҳое, ки донишҷӯён аз ин имтиҳонҳо ба даст меоранд, ба балҳои имтиҳонҳои асосӣ зам мегарданд.

Дар ҳамин ҳол, котиботи Маркази миллии тестӣ мегӯяд, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Илова бар ин, ба иллате, ки коронавирус боз дубора Тоҷикистонро домангир шуд, доир шудани даври аввали имтиҳонҳо дохилшавӣ бо риояи тамоми чораҳои беҳдоштӣ сурат хоҳад гирифт.

Зикр мегардад, ки марказҳои имтиҳонӣ бо мавод ва воситаҳои зарурӣ таъмин мегардаднд.

"Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ иловатан як корманди техникӣ барои анҷом додани корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) ҷалб мегардад, ки корҳои безараргардониро як рӯз қабл аз баргузор шудани ин маърака анҷом медиҳад", - омадааст дар хабар.

Иловатан дар ҳар як маркази имтиҳонӣ бунгоҳи тиббӣ ташкил мешавад ва ҳарорати бадани довталабону масъулон пеш аз воридшавӣ санҷида мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий