Парвандаи ҷиноӣ барои лату кӯби марди 60-солаи дорои бемори рӯҳӣ
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати марди 40 сола хабар додааст, ки дар лату кӯбӣ куҳансоли дорои бемории рӯҳӣ гумонбар дониста мешавад
Масъулини вазорати корҳои дохила таъкид намуданд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Зикр карда шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия тафтишот идома дорад.
Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт ва оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом иттилоъ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, санаи 22-юми июни соли равон, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом оғоз карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки номбурда рӯзи 22-юми июн, дар назди МТМУ №1 шаҳри Конибодом бо марди 61-солаи сокини ҳамин шаҳр, дорои касалии рӯҳӣ, бе ягон асос ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо дасту пояш мавриди лату кӯб қарор додааст.
Масъулини вазорати корҳои дохила таъкид намуданд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Зикр карда шудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)