Директори “Ҳотам ва ПВ”: Писари журналистро аз синфи 3 ба 5 нагузаронидаем
Директори гимназияи “Ҳотам ва ПВ” Юсуф Ҳотамов дар суҳбат бо сомонаи Pressa.tj хабари аз синфи 3 ба синфи 5 гузаронидани писари журналист Азизи Нақибзодро беасос хонд.
Ин дар ҳолест, ки журналист Азизи Нақибзод дар саҳифаи Facebook навишт, ки писараш Арҷмандро якбора аз синфи 3 ба синфи 5 гузарониданд. Дар шарҳи ин хабар корбарони фазои маҷозӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд ва қисме пуштибониву муборакбодӣ карданд, гурӯҳи дигар “аз кӯдак кӯдакияшро нагиред” гуфта, талқин карданд, ки бигзор мактаббача аввал синфи 4-умро хонад.
Ин хабару шарҳҳо дар ҳоле мебошанд, ки директори муассисаи мазкур ба амал омадани ин иқдомро дар гимназия рад карда, гуфт: “Ин хабар асос надорад. Мо дар гимназия миёни бачаҳои фаъоли синфҳои ибтидоӣ гуруҳи махсус ташкил додем ва ҳоло аз рӯйи барномаи синфи 5, яъне аз фанҳои математика ва инфортматика таълим гирифта истодаанд. Яку якбора аз синфи 3 ба синфи 5 гузаронидани хонандагон дар мо роиҷ нест ва ин корро мо накардаем”.
Ҳамчунин, дар шарҳи ин масъала аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ки хабар надоранд ва чунин иқдоме сурат нагирифтааст.

Комментарии (0)