< Ҷангандаҳои ҳавоӣ ва горди миллии Покистон: пешвози ботантанаи Раҳмон дар Исломобод - (навор) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҷангандаҳои ҳавоӣ ва горди миллии Покистон: пешвози ботантанаи Раҳмон дар Исломобод - (навор)

Ҷангандаҳои ҳавоӣ ва горди миллии Покистон: пешвози ботантанаи Раҳмон дар Исломобод - (навор)


Раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод - пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, имрӯз ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Исломобод фуруд омад.

Манбаъ таъкид доштааст, ки сафари расмии ду рӯзаи раисҷумҳур ба Покистон оғоз ёфт.

Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод, президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Покистон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.

“Барои пазироии Эмомалӣ Раҳмон фурудгоҳ бо аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо, оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.

Ҳамчунин ба маҳзи ворид шудани раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии Покистон, ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар аз ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмон муроқибат карда ва то замони фуруд омадан дар фурудгоҳ, онро ҳамроҳӣ намуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий