< Боздошти Амриддин Нахшов, ки дар пайгард буд: ВКД гуфт худаш ба шуъбаи пулис омад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти Амриддин Нахшов, ки дар пайгард буд: ВКД гуфт худаш ба шуъбаи пулис омад

Боздошти Амриддин Нахшов, ки дар пайгард буд: ВКД гуфт худаш ба шуъбаи пулис омад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз таслим шудани Нахшов Амриддин, сокини ноҳияи Данғара, хабар додааст.

Бино ба иттилои котиботи ВКД, Амриддин Нахшови 36-сола, бо моддаи 237 (Авбошӣ) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тотористон таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт.

Қайд карда мешавад, ки рӯзи 27 май шаҳрванд Амриддин Нахшов бо иқрори гуноҳ ба ВКД ноҳияи Данғара ҳозир шуда, ба ҳабс гирифта шудааст.

ВКД гуфтааст, ки Нахшов дар доираи парвандаи ҷиноятии мавҷудбуда, ба ҳабси пешаки гирифта шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Аммо ин ниҳод шарҳи расмӣ надодааст, ки ӯ маҳз чӣ тавр ва ба кадом амал даст задаву аз кай мавриди пайгард қарор дошт.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Нахшов яке аз хешовандони ҳамсари раисиҷумҳури кишвар буда, дар як ҷанҷоле, ки дар тарабхоае дар Дарғара рух медиҳад, ширкат кардааст, ки дар пайи он 7 нафар захмӣ мешаванд.

Гуфат мешавад, онҳо бо кормандони ширкати ҷамъоварикунандаи шираи камол “Мину Фарм”, занозанӣ кардаанд, ки дар он силоҳи сард низ истифода шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий