< “Афви тиллоӣ”, зиндонҳо холӣ мешаванд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Афви тиллоӣ”, зиндонҳо холӣ мешаванд?

“Афви тиллоӣ”, зиндонҳо холӣ мешаванд?
Қарор аст, дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар кишвар қонуни афви саросарӣ қабул шавад. Баъзе манбаъҳои наздик ба марказҳои масъули таҳияи тарҳи қонуни афв аз ҳоло онро “афви тиллоӣ” ном мебаранд. Ба гуфтаи мусоҳибони расонаҳо, ин қонуни афв шояд алакай то моҳи август қабул шавад ва маҳбусони афвшуда битавонанд 30-солагии истиқлоли Тоҷикистонро, ки 9 сентябри соли ҷорӣ таҷлил мешавад, дар озодӣ, дар канори наздиконашон ҷашн бигиранд. Бино ба бархе ҳисобҳо, афви нав метавонад аз 15 то 20 ҳазор нафар, аз ҷумла, беш аз 50 фоиз аз ҳудуди 11 ҳазор маҳбусро фаро бигирад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий