< Даҳ билет ваъда доду 70 ҳазор гирифт: боздоштҳо барои фиреби марди 55- сола ва дӯст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даҳ билет ваъда доду 70 ҳазор гирифт: боздоштҳо барои фиреби марди 55- сола ва дӯст

Даҳ билет ваъда доду 70 ҳазор гирифт: боздоштҳо барои фиреби марди 55- сола ва дӯст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда марди 48-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур буда ба як нафар хариди чипта ваъда кардаю маблағи ӯро ба фоидаи худаш сарф кардааст.

Гуфта мешавад, боздоштшуда бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ даромада, аз ӯ 70 000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки 10-адад чиптаи ҳавопаймо ба самти Русия гирифта медиҳад, аммо ӯро фиреб дода, то ҳол маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

Ҳамзамон Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Ҷӯраев Равшанбеки 26-соларо боздошт кардааст, ки дар фиреби ҳам дӯсташ ва як зани дигар муттаҳам мешавад ва маротибаи сеюм ба курсии айбдорӣ менишинад.

Ба иттилои манбаъ, ин навбат ӯ бо баҳонаи дастрас намудани чиптаи ҳавопаймоии самти Русия дӯсти худ Баҳром Назарқуловро фиреб дода, шаш ҳазор сомонияшро гирифтааст.

Ӯ ҳамзамон аз набудани рафиқи дигараш дар манзили истиқоматияш истифода карда, бо нақли ҳолатҳои бардурӯғ ба боварии модари ӯ даромада се ҳазор сомнияшро гирифта ба эҳтиёҷоташ сарф кардааст.

Зимни бозпурсӣ Ҷӯраев Равшанбек гуфт, ҳамаи пулҳои гирифтаашро дар марказҳои букмекерӣ бохтааст.

ВУД мегӯяд, алайҳи номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад,

Бар асоси ин модда дар сурати тасдиқ шудани айби боздоштшуда ӯро ҷарима ва ё аз се то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.

Зимнан ВКД аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки барои хариди чипта ба миёнаравҳо бовар накунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий