"Қаллобии махсусан калон": боздошти раис барои фиреби "Вавилон-Мобайл”-у “Интерком"
Вазорати умури дохилӣ аз боздошти як нафар дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон хабар додааст
Раиси яке аз биноҳои Душанбе ба иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дастгир шуд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ӯ ду ширкати калони алоқа, "Вавилон-Мобайл” ва “Интерком" ва 70 сокини биноро фиреб кардааст.
Тавре манбаъ менависад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 55-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намуда, аз раиси бинои №41 кӯчаи А.Синои ҳамин ноҳия шикоят бурдааст.
Гуфта мешавад, гумонбаршаванда, марди 33-солаи сокини ноҳияи Сино, муддати 14 моҳ аз 70 нафар истиқоматкунандагони бинои мазкур ва ширкатҳои "Вавилон-Мобайл” ва “Интерком" 49 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бинои мазкурро таъмир мекунад.
Аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2020, дар кӯчаи Ҳисор, марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи "Тайота-Каролла"-ро ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол онро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)