5 миллион аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд
Дар Тоҷикистон 70 фисади аҳолиро ҷавонони то синни 35 - сола ташкил медиҳанд
Бар тибқи додаҳои омор, 70 фисад ва ё 5 миллион аҳолии ҷумҳурииро маҳз ҷавонони то синни 35 - сола ташкил медиҳанд.
Дар Тоҷикистон ҳатто иди махсус барои ҷавоно низ бахшида шудааст. Ин ид ҳамасола рӯзи 23 май дар сартосари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз соли 1997, 23 майро Рӯзи ҷавонон эълон кард ва аз он сол то ба имрӯз ҳамасола ин ид таҷлил мегардад.
Интизор меравад, нимаи рӯзи 23 май, роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" бо ҷавонон дидору мулоқот баргузор кунад.
Маъмулан қабл аз таҷлили ин сана, дар Тоҷикистон Ҳафтаи ҷавонон баргузор мешавад, ки пур аз чорабиниҳои мухталиф барои насли ҷавони кишвар мебошад.
Илова бар ин, барномаҳои варишӣ, фарҳангӣ, шабҳои назм ва консертҳо низ баргузор мегарданд.
Комментарии (0)