< Талаби барканории Қамчибек Тошиев: шарҳи КДАМ - и Қирғизистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Талаби барканории Қамчибек Тошиев: шарҳи КДАМ - и Қирғизистон

Талаби барканории Қамчибек Тошиев: шарҳи КДАМ - и Қирғизистон
Дар муроҷиатномае, ки гуиё аз номи кормандони КДАМ навишта шудааст як қатор иттиҳомот алайҳи Тошиев оварда шудааст ва дархост шудааст, ки фаъолияти ӯ санҷида шавад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномае аз номи гуиё кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон паҳн шудааст, ки дар он аз фаъолияти раиси ин ниҳод Қамчибек Тошиев изҳори норозигӣ шудааст.

Хадамоти матуоти ин ниҳод муроҷиатномаро қалбакӣ хондааст, менависад Sputnik Қирғизистон.

Дар муроҷиатнома, ки ба номи президент, раиси Жогорку Кенеш ва додситони кулл навишта шудааст, гуфта мешавад, ки қаблан низ нерӯҳои қудратӣ дархост карда буданд, ки Қамчибек Тошиевро аз мақоми раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барканор карда шавад.

Дар матн якчанд иттиҳомот алайҳи Тошиев ва дархости тафтиш дар кумитаи давлатӣ мавҷуданд.

"Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) иттилоъ медиҳад, ки муроҷиати кормандони гӯё амалкунандаи хадамоти махсус, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, воқеият надорад ва қалбакӣ аст. Ин амалҳои нерӯҳои алоҳидаи манфиатдор яке аз кӯшишҳои интиқоли қувваҳо ва воситаҳо аз вазифаи асосии таъмини амнияти давлат ба дигар тараф мебошад ", - гуфта шудааст дар изҳороти КДАМ Қирғизистон.

Таъкид мешавад, ки имрӯз "фазои маънавию психологии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ беш аз пеш муттаҳид шудааст" ва барои иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои гузошташуда ҳама шароитҳо фароҳам оварда мешаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий