Расулзода аз кӯчаҳои офатзадаи Кӯлоб боздид кард: супориш ба масъулин
Сарвазири Тоҷикистон аз мавзеъҳои офатзадаи шаҳри Кӯлоб боздид карда барои бартарафсозии оқибатҳои он ба масъулин супоришҳои таъхирнопазир дод
Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар ҳайати корӣ бо дастуру супоришҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон, ба шаҳри Кӯлоб рафтанд.
Тибқи гузориши хадамоти матбуотии вилояти Хатлон, сарвазир аз кӯчаҳои офатзада, аз ҷумла кӯчаи марказии назди терминал, ки 50 метр роҳро об рахна карда, инчунин аз кучаҳои С. Даминзода, Содиқов, хатти роҳ ва дигар мавзеъҳое, ки аз оби сел, ки аз сойи Тебалай ҷорӣ шуда, ба хонаҳои истиқоматии аҳолӣ даромада зарар расондааст дидан намуд.
Аз акс дида мешавад, ки сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар макони вайроншуда дар пой мӯза пӯшидаанд. Ин аз бад бдудани вазъи роҳҳо дар минтақаи офатзада гувоҳӣ медиҳад.
"Сарвазири мамлакат ба масъулин дастур дод, ки аҳолиро ба манзилҳои бехавф кӯчонда, дар кутоҳтарин муҳлат оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, нафароне, ки аз офати табии зарар мебинанд ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, баҳри бартараф намудани офатҳои табии чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои пешакии КҲФ дар паи фаромадани сел дар вилояти Хатлон 8 кас ҷони худро аз даст дод.
Ҳаимн тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд ба ҳалокат расиданд, менависад ин ниҳод.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст.
Дар ноҳияи Кушониён низ дар паи чаппа шудани мошин як шаҳрванди 34-сола ҷони худро аз даст додааст.
Комментарии (0)