Пуле, ки дар миёни оташи ҷанг дар марз пойбарҷо монд
Аз тиру гулулаборони муноқишаи марзӣ ба ягона купрӯке, ки роҳи Исфараро бо ҷамоатҳои Сурху Чоркӯҳ ва Ворух мепайвандад хушбахтона осеб надидааст ва пойбарҷост
Рӯзҳои 28 ба 29 апрел аз рӯи ин пул, ки дар деҳаи Чорқишлоқ, болои дарёи Исфара ҷойгир аст, даҳҳо тубу танкҳои ҷангӣ убур кардаанд. Деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки Исфара бо деҳаи Қаробоғи Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Роҳи миёни ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Сурх аз ҳудуди ҷамоати Шаҳрак, тавассути ҳамин купрук то ба маркази Исфара мерасад.
Сокинони наздимарзии Исфара дар бораи эмин мондани ин пул аз таъсири тиру глулаборони рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марз бо Қирғизистон таъкид намуданд.
“Дар вақти муноқиша чанд тир зада шудааст, вале хушбахтона ба купрук осеб нарасидааст. Он пойбарҷост ва ҳаракати мошинҳо аз болои он ҷараён дорад”, - гуфт сокини деҳаи Чорқишлоқ.
Ин купруки наздимарзӣ 4 - 5 метр бар ва 55 метр дарозӣ дошта, дуруст дар соли 2003 сохта шудааст.
Муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон зиёд харобаҳоро боқӣ гузошт. Бар асари ин руйдод аз ду ҷониб даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ, иморату иншоотҳои ҷамъиятӣ ва мошину дигар муҳимоти сокинони оддӣ аз оташи силоҳ сӯхтаву хокистар шуданд.
Рӯзи 1 май ошташи муноқиша амалан хомӯш ва зиндагӣ дар навоҳии наздимарзӣ ба маҷрои пешини худ бармегардад.
Комментарии (0)