Хайри 150 ҳазорсомонии ҷавони лӯлитабор барои мактабхонию барқрасонӣ
Бародарон Йериқулзодаҳо, аз лӯлитаборони Тоҷикистон, пули дар муҳоҷират ёфтаашонро барои мактабхонии наврасон, роҳсозӣ ва таъмини барқ дар деҳаашон сарф кардаанд, то насли ояндаашон чун онҳо азоб накашанд
Нуриддин Йериқулзода, аз хонаводаи миёнаҳоли лӯлиҳо дар деҳаи Ҳаливари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки пули аз муҳоҷират ёфтаашро барои таъмири роҳи талабаҳо ба мактаб ва барқрасонӣ сарф кард. Ӯ мегӯяд, бисёр мехоҳад, намояндагони қавмаш ҳар чӣ бештар мактаб раванд, то азобе, ки то ҳозир худашу дигарон аз бесаводӣ мекашанд, насли ояндаашон накашад.
Йериқулзода мегӯяд, ҳамроҳи бародараш дар муҳоҷират кор карду тасмим гирифт, пули коркардаашонро на барои хариди мошину сохтмони манзил харҷ кунад, балки барои ободонии деҳа равона созад, чун ба гуфтаи ӯ ин кор дар ду дунё фоида меорад.
Ӯ ба деҳааш барқ кашид, купрук сохтааст, роҳҳоро обод кардааст ва барои ин беш аз 150 ҳазор сомонии аз муҳоҷират ёфтаашро харҷ намудааст.
Талоши Нуриддин барои тағйири ҳаёти ҳамдеҳагону насли ояндаи қавмаш дар ҳолест, ки бархе шуғли асосии бисёри лӯлиҳоро ҳанӯз талабандагӣ медонанд. Аммо ба навиштаи сомонаи "Ҷом" бархе аз намояндагони қавм мегӯянд, бо мурури замон тарки ин касабаи бобоӣ карда истодаанду ба корҳои дигар, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ рӯй меоранд.
Комментарии (0)