< Мулоқоти Расулзода бо Орипов: аз омодагиҳо ба сафари Мирзиёев то баррасии ҳамкориҳо » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Мулоқоти Расулзода бо Орипов: аз омодагиҳо ба сафари Мирзиёев то баррасии ҳамкориҳо

Мулоқоти Расулзода бо Орипов: аз омодагиҳо ба сафари Мирзиёев то баррасии ҳамкориҳо
Зимни мулоқоти саавазирон ба ниҳодҳои ваколатдор ҳарду ҷониб супориш дода шудааст, ки ҳарчи зудтар оид ба татбиқи имкониятҳои истифоданашуда байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чораҳои таъҷилӣ андешанд.

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд, хабар додааст хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.

Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, тандурустӣ, маориф, энергетика, гумрук ва дигар соҳаҳо баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳадафҳои созанда ва умедбахши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ба таври назаррас тақвият ёфтанд.

Сохта ва ба истифода додани иншооти мухталиф дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо иштироки ҳарду ҷониб гувоҳи равобити хуби ду кишвари дӯст аст.

Ӯзбекистон яке аз шарикони пешсафи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвари дўст дар соли 2020 333,8 миллион доллари америкоиро ташкил намуд, ки дар самти раддабандии кишварҳои бо Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулотдошта Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавқеи сеюмро ишғол менамояд.

Сарфи назар аз натиҷаҳои бадастомада, зарурати афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, сохтмони корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтани иншоот бо мақсадҳои гуногун таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки дар самти рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон 29 созишнома ва созишномаи нав дар бораи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.

Ба ниҳодҳои ваколатдор супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар оид ба татбиқи имкониятҳои истифоданашуда байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чораҳои таъҷилӣ андешанд.

Ҳамзамон қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки дан ин мулоқот Расулзода бо ҳамтои ӯзбекаш омодагиҳо ба сафари Шавкат Мирзиёв ба Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий