Донандаи 10 забон: тоҷикистоние имомхатиби масҷиде дар Хабаровск шуд
Дар Хабаровск зодаи Тоҷикистон Абдулҳай-ҳазрат имом-хатиби масҷиде шудааст.
Зодаи Тоҷикистон Абдулҳай-ҳазрат Имонқулов имом-хатиби масҷиди Хабаровск шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти муфтиёти Шарқи Дур.
То таъин шудан Имонқулов ҳафт сол дар Уссурийск ҳамчуни имом хидмат мекард.
Фармон дар бораи таъин шудан ба ин вазифаи масъул дар рӯзи аввали моҳи Рамазон бо пешниҳоди муфтии Шарқи Дур Рамазон-ҳазрат Алиев ба имзо расид.
Гуфта мешавад, зодаи 39-солаи Тоҷикистон шаҳрванди Федератсияи Русия буда, номи пурраи ӯ Имонқулов Ҷуманазар Худойназарович аст.
Ӯ оиладор буда, соҳиби шаш фарзанд мебошад. Гуфта мешавад, имомхатиби зодаи Тоҷикистон маълумоти ҳаматарафа - дунявӣ ва динӣ дорад.
Абдулҳай-ҳазрат пас аз шаш соли таҳсил дар Тоҷикистон Донишкадаи исломии шаҳри Октябри Ҷумҳурии Бошқирдистонро ва мадрасаи Буинскии Тотористонро хатм кардааст.
Номбурда ҳамзамон Донишгоҳи федералии Шарқи Дурро дар риштаи забонҳои чинӣ ва англисӣ хатм кардааст.
Имомхатиби нав донандаи даҳ забон: русӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, тоҷикӣ, тоторӣ, қирғизӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, чинӣ ва англисӣ будааст.
Аз соли 2007 то 2014 Абдулҳай-ҳазрат ба ҳайси имом дар Уссурийски қаламрави Приморск хидмат кардааст.
Баъд аз он ду сол дар Маскав кор карда, аз соли 2016 то 2020 ӯ дар вилояти Томск ба ҳайси имом хидмат кардааст.
Соли 2021 вай ёвари муфтии Шарқи Дур ва имом-хатиби масҷиди Хабаровск таъин шуд.
Комментарии (0)