Ба ҷавони тоҷик дар Сахалин 5 соли ҳабс таҳдид мекунад
Ба айби ронандаи таксӣ, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, як нафар ҷон бохту як каси дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд
Парвандаи муҳоҷири 27 - солаи тоҷик дар вилояти Сахалин ба додгоҳ ирсол шуд, хабар медиҳад Astv.ru.
Бар хабари манбаъ, ронандаи таксӣ бо ду мусофири худ дар минтақаи Огонкии вилояти Сахалин дучори садама шуд, ки дар натиҷа як мусофир дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт ва дигаре бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфт.
Пас аз рух додани ҳодисаи мазкур, кормандони пулис муайян намуданд, ки муҳоҷири тоҷик сар аз соли 2019 дар қаламрави Сахалин ғайриқонунӣ ба сар мебарад.
Илова бар ин, ӯ бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ мошинро идора мекард. Садама дар ҳоле рух дод, ки ҷавони тоҷик аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромад ва самти муқобили роҳ баромад ва ба Toyota Hilux Surf бархӯрд.
Ҳодиса моҳи январи соли ҷорӣ рух дод ва ҷавони тоҷикро фавран боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Суд далели ба ҳабси пешакӣ гирифта шудани муҳоҷиррро ба он рабт дод, ки шояд ӯ тарки қаламрави Русия кунад.
Ҳоло ба муҳоҷири 27 - солаи тоҷик 5 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Комментарии (0)