< Гурехтани дузд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Гурехтани дузд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ

Гурехтани дузд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Гадозода Меҳриддин Файзулло, соли таваллудаш 21-уми июни соли 1990, сокини деҳаи Кабирободи ҷамоати деҳоти Абдулвоситови шаҳри Ваҳдат, бо далели 12 ҳолати дуздии молу мулк дастгир гардида, амволи мазкур дарёфт ва мусодира карда шуд.

Гумонбаршаванда Гадозода М.Ф. ҳангоми дастрас намудан ба ошёнаи сеюми бинои ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади гурехтан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ аз тирезаи утоқи корӣ яку якбора худашро ба замин партофта, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби кормандони милитсия фавран ба беморхона расонида мешавад, вале номбурда дар беморхона ба ҳалокат мерасад.

Нисбати ҳолати мазкур санҷиш идома дорад.

Манбаъ: https://mvd.tj/index.php/tj/ruydodho/31157-gurekhtani-duzd-az-avobgarii-inoyat

Комментарии (0)

Оставить комментарий