Эмомалӣ Раҳмон ба Ворух расид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба деҳоти Ворухи шаҳри Исфара расид.
Интизор меравад, ки дар ин деҳот кишвардор аввал аз иншоот боздид карда ва баъдан бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кунад.
Ҳамчунин прездиент аз Боғи интенсивӣ, Парчами миллӣ, маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагию қаннодӣ боздид карда дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанг ширкат мекунад.
Хабари сафари президент ба ҷамоати деҳоти Ворух дар ҳолест, ки дубора номи ин минтақа дар робита бо қазияи марзӣ бо Қирғизистон дар сархатти хабарҳову постҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор мегирад.
Комментарии (0)