< Шералӣ Мирзо: иродаи Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ бо Эрон ҷиддист » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Шералӣ Мирзо: иродаи Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ бо Эрон ҷиддист

Шералӣ Мирзо: иродаи Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва дифоӣ бо Эрон ҷиддист
Вазири дифои Эрон дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати густариши ҳамкории ду кишвар гуфт, бо поён ёфтани таҳримҳои золимонаи таслеҳотӣ алайҳи Эрон, Теҳрон ҳеч маҳдудияте дар содироти анвои силоҳ надорад

 Вазири дифои Эрон зимни дидор бо вазири дифои Тоҷикистон таъкид доштааст, ки умедвор аст дар равобит ва ҳамкорӣ саҳифаи наве боз кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории садо ва симои Эрон.

Бино бар иттилои манбаъ, Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳро ба Эрон дар фасли зебои баҳор ва айёми ҷашни бостонии Наврӯз муборак гуфт: “Умедворем, ки ҳамчун шурӯи фасли зебои баҳор, шоҳиди шурӯи фасли наве дар равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба бо дӯстону бародарони тоҷик бошем”.

Зимни мулоқот вазири дифои Эрон бо баёни ин ки дар солҳои ахир Эрон бо вуҷуди таҳримҳои золимона ва фишорҳои сангин дар ҳавзаҳои мухталиф пешрафтҳои чашмгир ва фаровон доштааст.

Вазири дифои Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Эрон, иродаи кишвари Тоҷикистонро ба тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ ва дифоӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Эрони исломӣ ҷиддӣ хонд.

Генерал Шералӣ Мирзо ҳамкориҳои ду кишварро дар барқарории сулҳу субот ва амнияти минтақа бисёр боаҳамият донист.

“Муноқишаҳову ноамниҳои мавҷуд дар минтақа зарурати ҳамкориҳои ду кишварро дар муқобила бо терроризм, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҳамчунин тавсеаву таҳкими амнияти минтақаӣ дучандон мекунад”, - гуфт генерал Шерали Мирзо.


Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник, Шералӣ Мирзо ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард. Қарор аст, вазир зимни сафари худ бо роҳбарони воломақоми сиёсиву низомии ин кишвар мулоқот хоҳад кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий