< КИТОБИ А.РАҲНАМО - РАҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

КИТОБИ А.РАҲНАМО - РАҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

КИТОБИ А.РАҲНАМО - РАҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ
Китоби нави донишманди тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо -  «Дидгоҳи давлатмеҳвар» як туҳфаи гаронарзише ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст. Таҳқиқоти мазкури ин олими забардаст бояд яке аз китобҳои рӯимизии кормандони мақомоти давлатӣ бошад. Шосита аст, ки онро ходимони давлатию ҷамъиятӣ, кормандони мақомоти қудратӣ, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва ғайра мутолия кунанд ва дар фаъолияти худ истифода баранд. Зеро ин китоб яке аз муҳимтарин назарияҳои сиёсии муаллиф - дидгоҳи давлатмеҳварро шарҳу баён мекунад. 
Ҳадафи Абдуллоҳи Раҳнамо аз таълифи китоб  таҳкими давлатдории миллӣ, ташаккули андешаи давлатдорона ва устувории ваҳдати миллӣ мебошад.    Ин таҳқиқот маҷмӯи андешаҳо ва мавқеи муаллифро дар маҷмӯи масъалаҳои фикрӣ, миллӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ дарбар мегирад.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ин донишманди мумтози улуми сиёсӣ нуқтаи назар ва мавқеи илман асоснок ва санҷидаи худро дар бораи маҷмӯи масъалаҳои меҳварии ҷомеа ба таври возеҳ эълон медорад. Ин амали муаллиф албатта шоистаи таҳсин буда, барои барои аҳли зиё ва уламои соҳаи сиёсат, ҷомеашиносӣ ва фарҳангшиносии миллӣ намунаи ибрат аст. 
Ҷомеаи имрӯзи тоҷик маҳз ба чунин китобҳо ва таҳқиқоти илмӣ ниёз дорад. Вобаста ба ин, худи муаллиф дуруст таъкид кардааст, ки «... дар ҷомеаи мо ҳанўз тафаккури давлатӣ ва дидгоҳи давлатмеҳвар ташаккул наёфтааст, ин ҳолат масъулияти давлатро дар парвариш ва шакл додани он дучандон месозад. Яъне давлат бояд ин холигии таърихиро ҷуброн карда, ба таври ҳадафманд шаклгирии тафаккури давлатӣ ва мактаби давлатдории миллиро барномарезӣ ва заминасозӣ намояд». 
Муҳимтар аз ҳама А. Раҳнамо дар китоби мазкур баъд аз баёни андеша ва диди худ вобаста ба масоили марбута пешниҳодоти созанда ва муҳимеро ироа менамояд. Аз ҷумла ӯ таъкид мекунад, ки дар доираи як барномаи махсуси давлатӣ тамоми тадбирҳо барои омўзиши касбӣ ва амиқи илмҳои ҷамъиятӣ, хусусан, сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ, ба роҳ монда шаванд. 
Дар ин маврид манзураш он аст, ки бояд як насли сиёсатшиносон ва ҷомеашиносони касбие тарбият ёбанд, ки салоҳияти мудирияти касбии ҷомеаи муосир ва давлати асри навро дошта бошанд. Ба ақидаи вай, ин насли нави тоҷик бояд дар заминаи арзишҳои асили миллӣ ва дар сатҳи донишҳои навини ҷаҳонии сиёсатшиносӣ тарбият шаванд, ки ҳам решаҳои устувор дошта бошанд ва ҳам баробари замони худ биандешанд, яъне тараққиписанду созанда бошанд. Зарур будани беҳбудии системаи маорифи кишварро низ дар ин маврид муаллиф таъкид мекунад.
А.Раҳнамо ба таври ошкоро интиқод мекунад, ки  дар замони Истиқлол дар мақомҳои калидии сиёсатсозӣ ва идеологӣ қарор гирифтани шахсони дорои донишу ҷаҳонбинии дур аз сиёсату сиёсатшиносии касбӣ натиҷаи мусбат надодааст ва пешниҳод дорад, ки  тахассусӣ ва касбӣ шудани мудирияти сиёсӣ ва идеологии ҷомеа қадами аввалин ба сўйи ташаккули тафаккури давлатӣ хоҳад буд. Ба андешаи вай, зарур аст, ки бо Фармони махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматчиёни давлатии тамоми сатҳҳо, хусусан, дар бахшҳои сиёсӣ, идеологӣ, қудратӣ ва идоракунии давлатӣ аз курсҳои ҷиддии дониши сиёсӣ ва тафаккури давлатӣ гузаронида шаванд.
Муаллиф зарур будани таҳияи Консепсияи давлатдории миллии тоҷикон ва омўзиши амиқ ва фарогирии онро аз тарафи тамоми хидматчиёни давлатӣ дар миён мегузорад. Таъкиди дуруст мекунад, ки бояд дар ин Консепсия масъалаҳои марбут ба моҳият ва аҳаммияти давлатдории миллӣ барои тоҷикон, манфиатҳои миллӣ ва манфиатҳои усулии давлатдорӣ, ҳадафҳои наздику дури давлатдорӣ дар дохил ва хориҷ, моҳияти тафаккури давлатӣ, маҷмуаи принсипҳо ва арзишҳои меҳварии давлатдории миллии тоҷикон, масъулияти ҳар хидматчии давлатӣ дар баробари ҳифзи давлат, зарурати чун давлат нигаристан ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, вазифаҳои давлат дар баробари шаҳрвандон, меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти виҷдонию арзишии хизматчии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифа, аз манфиатҳои шахсию гурўҳию ҳизбӣ болотар гузоштани манфиатҳои давлатӣ ва ѓайра ба таври дақиқ шарҳ дода шаванд ва ифода ёбанд. 
 Раҳнамо бар он аст, ки мо бояд идея ё ѓояи мушаххаси миллие дошта бошем, ки моро муттаҳид намояд ва дар ин маврид ѓояи «Зиндагии шоиста дар Тоҷикистони соҳибихтиёр»-ро муносиб медонад. 
Ҷиҳати дигари муҳими пешниҳодоти муаллиф ин  ташкили «фазои маҷозии тоҷикӣ» ё «Тоҷикистони глобалӣ» мебошад. Ба андешаи вай, зарур аст, то шабакаи васеи саҳифаю сомонаҳои интернетии таҳлилию иттилоотӣ, маҳфилҳои гуфтугў, сайтҳои фарҳангию маърифатӣ ва шабакаҳои моҳвораӣ ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шаванд, ки тоҷикони саросари олам новобаста аз макони будашон ба он ворид гашта, дар фазои ягонаи маҷозии тоҷикӣ «зиндагӣ кунанд. Дуруст таъкид мекунад, ки фазои маҷозӣ метавонад дар ҳифзи пайванди муҳоҷирони тоҷик бо ватан ва давлати Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузорад. 
Як ҷиҳати дигари созандагии андешаи муаллифи китоб он аст, ки менависад: «Барои ташаккули тафаккури давлатӣ зарур аст, ки сиёсати кадрии давлат пурра такмил ёфта, ба асли шоистасолорӣ, истеъдодмеҳварӣ ва фарогирӣ гузарад». Ӯ бар он аст, ки намояндагони минтақаҳои кишвар набояд ба таври квота ва ё ба таври сунъӣ ҷалб шаванд, зеро ин кор тафаккури маҳалгароиро тақвият мебахшад, балки худи таъмин шудани асли шоистасолорӣ ва истеъдодмеҳварӣ асли фарогириро низ таъмин менамояд. Ба фикри ӯ, фақат истисно накардани касе ё минтақае кофист, ки истеъдод дар низоми умумӣ ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Муаллиф бунёди як «давлати ҳамагонӣ» ва «ҳукумати умумимиллӣ»-ро хоҳон аст. 
А.Раҳнамо афкор ва пешниҳодоти худро дар китоби мазкур ҷамъбаст карда, зарурати дар сатҳи назария ва амалия шакл гирифтани мактаби давлатдории миллии дорои хусусияти усулмандро таъкид менамояд. Ӯ боварманд аст, ки танҳо дар ин сурат тафаккури давлатдорӣ шакл гирифта, анъанаҳои устувори давлатдорӣ дар кишварамон ташаккул меёбанд ва  рушди устувори давлат ҳамчун давоми таҷрибаи наслҳо таъмин мегардад. 

Субҳиддин Зиёев,
ходими пешбари илмии АМИТ

Комментарии (0)

Оставить комментарий