< "Набояд шитоб кард": Холикзода пешниҳоди мавқуф гузоштани эмкунӣ бо AstraZeneca кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Набояд шитоб кард": Холикзода пешниҳоди мавқуф гузоштани эмкунӣ бо AstraZeneca кард

"Набояд шитоб кард": Холикзода пешниҳоди мавқуф гузоштани эмкунӣ бо AstraZeneca кард
Раҳбари Бемористиони Ибни Сино гуфтааст, ки шояд дар гузаронидани ваксини AstraZeneca шитоб накунем

Абдухалил Холиқзода, дар сафҳаи фейбукияш мулоҳизаашро дар бораи ваксинаи AstraZeneca, ки эмкунии он дар Тоҷикистон оғоз шуд, навиштааст, аз он сад воя ба Бемористони Ибни Сино ҳам дода шуд.

"Мо дирӯз ба даҳ нафар кормандонамон онро гузарондем ва дар се нафар оризаи сабуки таби баланд ба назар расид, ки ба қавли коршиносон пешбинӣ шудааст ва ҳатто нишонаи вокуниши системи эмании бадан аст ба он маъно, ки подтан тавлид мешавад",- навиштааст ӯ.

Номбурда гуфтааст, аз дуру наздик хабари оризаҳои вазнини ин воксан низ ба гӯш мерасанд.

"Аз ҷумла, чанд рӯз пеш дар Олмон гузарондани ин воксанро ба шахсони аз шастсола поён ба сабаби оризаҳои вазнин ва ҳатто марг мамнӯъ карданд ва танҳо ба касони аз шастсола боло иҷозат додаанд, дар ҳоле ки тавлидкунанда дар аввали дам онро ба шахсони синни аз шаст боло тавсия надода буд. Умедворам ин на ба он маъност, ки бехатарии одамони аз шаст боло барои олмониён аҳамияти камтар дошта бошад...", - навиштааст ӯ.

Қаблан ҳам чанд кишвари аврупоӣ задани ҳамин воксанро боздошта буданд.Табиб гуфтааст, ин ҳама ногузир таассуроте ба бор меорад, ки гӯё ин воксан ба таври лозим омӯхта нашудааст.

Ин воксан ба Тоҷикистон бепул дода шуда бошад ҳам, аз тариқи барномаи Covax маблағгузорӣ шудааст.

"Шояд дар гузарондани он шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем ва агар ин воксан қобили эътимод дониста нашавад, аз он даст кашем ва воксани дигареро аз Covax дархост кунем?

Бахусус бо назардошти он ки аксари мардуми мо ба таври табиӣ воксаншудаанд ва пандемӣ дар кишвар он шиддати ваҳмангезро надорад. Бе ин ҳам мо ба миқдори кофӣ ба ин вируси манҳус қурбонӣ додем".

Холиқзода ҳамзамон дар мавриди қазияи муовини вазири тандурустӣ ва барканорияш аз мансаб низ изҳори назар карда, гуфтааст, ки дар аҳди коронавирус хизматҳои зиёде карда буд.



Ёдовар мешавем, ки 8 марти соли 2021 дар доираи механизми COVAX Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нахустин бастаи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" аз Деҳлӣ ба Душанбе оварда шуд.

Марҳалаи аввали эмгузаронӣ дар кишвар сар аз 23 март оғоз шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий