< Ҳувияти ҳамлагар ба корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълум шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳувияти ҳамлагар ба корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълум шуд

Ҳувияти ҳамлагар ба корманди Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълум шуд
Дар Маскав дар бинои Сафорати Тоҷикистон марде таҳдид кард, ки корманди ниҳодро ба қатл мерасонад

Дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба корманди сафорат ҳамла карданд, хабар дод як манба.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳамлаовар бо корд мусаллаҳ буд. 

Тавре маълум гардидааст, ҳамлаовар Шамил Мустқимзодаи 28-сола, ҷонибдори ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон, гурӯҳи террористӣ) мебошад.

Дар Тоҷикистон таҳти пайгард қарор дорад ва нисбаташ бо моддаи 307, қисми 1 барои даъвати ошкоро ба фаъолияти экстремистиву террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пас аз он ҳамла овардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба куштори кормандони сафорат даъват ба амал овардааст.

Ӯро кормандони амниятии сафорат безарар гардонида, дар натиҷа касе ҷароҳат набардоштааст. 

Сафорат Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки аз ҳодиса хабар дорад, аммо такзиб ё тасдиқ карда наметавонад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий