< Додгоҳ ВКД ва КДАМ-ро муваззаф кард, ки ба фарзандони Хоҷаназаров ҷубронпулӣ пардозанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Додгоҳ ВКД ва КДАМ-ро муваззаф кард, ки ба фарзандони Хоҷаназаров ҷубронпулӣ пардозанд

Додгоҳ ВКД ва КДАМ-ро муваззаф кард, ки ба фарзандони Хоҷаназаров ҷубронпулӣ пардозанд
Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки ба ду кӯдак дар Ашт, ки падари онҳо пас аз шиканҷаи кормандони ин ду идора худкушӣ кардааст, ҷуброн пардохт кунанд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа ва беҷазӣ дар Тоҷикистон дар ин бора хабар дода гуфтааст, қаблан моҳи декабри соли гузашта аризаи даъвогӣ баҳри рӯёнидани зарар, барои нигоҳдошт ва таъмини кӯдакони хурдсоли марҳум Хоҷаназаров Камол пешниҳод гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамсари ҷабрдидаи ҳалокшуда дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона- Ҳотамова Гулмира барои рӯёнидани ба фоидаи кӯдакони хурдсол бинобар марги саробони оила 280 ҳазор сомонӣ, нисбат ба Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо аризаи даъвогӣ ба Додгоҳи ҳарбии гарнизонии шаҳри Душанбе муроҷиат карда буд.

Санаи 16-уми марти соли ҷорӣ бо ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе даъвои Ҳотамова Г. қисман қонеъ карда шуда, аз ҷавобгарон ба фоидаи кӯдакони хурдсол бинобар марги саробон 5000 (панҷ ҳазор) сомони рӯёнида шуд.

Бояд қайд кард, ки ҷуброни рўёнидашуда барои зарари расонидашуда, яъне марги шахси наздик нокифоя буда, ба зиён мутаносиб нест, афзудааст манбаъ.

Ҷоизи қайд аст, ки дар таҷриба бори аввал дар қаламрави ҷумҳурӣ “аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани ҷуброни зарар ба фоидаи кӯдакон  бинобар гум кардани саробон” нисбати ду мақомот пешниҳод гардид, таъкид кардааст Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳодисаи даст ба худкушӣ задани марҳум Хоҷаназаров Камол нисбати ду нафар корманди РВКД дар вилояти Суғд ва як корманди Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои шиканҷа ва ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан оғоз гардида, бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Хуҷанд ба муҳлатҳои гуногун маҳкум шуданд.

Ин қазия соли 2017 рух дода буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдро дар пай дошт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий