< Даҳ миллион мешавем: пешбинии афзоиши аҳолии Тоҷикистон » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даҳ миллион мешавем: пешбинии афзоиши аҳолии Тоҷикистон

Даҳ миллион мешавем: пешбинии афзоиши аҳолии Тоҷикистон
Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар се соли оянда ба бештар аз ним миллион афзоиш ёфта, ба 10 миллион мерасад

Коршиносон афзоиши 625 ҳазорнафарии ҷамъияти Тоҷикистон тайи се соли ояндаро пешбинӣ кардаанд.

Ба иттилои "Парс тудэй", ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом кард ҷамъияти кишвар аз авоили имсол  аз 9 ,5 миллион нафар фаротар рафта ва акнун ба 9 миллиону 504 ҳазор нафар расидааст, ки рушди 2 дарсадии нисбат ба соли 2020-ро нишон медиҳад.

Аз ин рӯ коршиносон мӯътақиданд, ки бо ҳифзи суръати рушди 2 дарсадӣ дар соли 2023 ҷамъияти ин кишвар ба 10 миллиону 29 ҳазор нафар хоҳад расид. 

Ин дар ҳолест, ки дар соли 1991 ва замони истиқлоли Тоҷикистон ҷамъияти ин кишвар панҷуним миллион нафар буд.

Бар асоси барномаи рушди роҳбурдии Тоҷикистон интизор меравад, ки ҷамъияти ин кишвар дар соли 2030 ба 11 миллион нафар бирасад. 

Аз сӯи дигар дар соли 2019 Бонки ҷаҳонӣ рушди сариъи ҷамъияти Тоҷикистонро, ки бо барномаи эҷоди иштиғол ва коҳиши фақр дар ин кишвар таносубе надорад, ҳамчун бомбаи соатӣ тавсиф карда буд.

Зеро 60 дарсад аз ҷамъияти 9 миллиону 504 ҳазор нафарии Тоҷикистонро афроди дорои шароити кор ташкил мекунанд, ки бояд барои онон барномаи ҷомеъи эҷоди иштиғол тадвин шавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий