< Вакилони парлумон ба дидори мардум рафтанд: паёмро шарҳ медиҳанду мушкилашонро мешунаванд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вакилони парлумон ба дидори мардум рафтанд: паёмро шарҳ медиҳанду мушкилашонро мешунаванд

Вакилони парлумон ба дидори мардум рафтанд: паёмро шарҳ медиҳанду мушкилашонро мешунаванд
Вакилони Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнии парлумон) Тоҷикистон имрӯз, 15 март, вохӯрӣ бо интихобкунандагонашонро оғоз карданд

 Муҳаммадато Султон, сухангӯи Маҷлиси намояндагон гуфт, вакилон барои мулоқот бо интихобкунандагон ба минтақаҳо рафтанд.

Ба иттилои манбаъ, сафари кории вакилон ба вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ВМКБ ва минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ имрӯз, аз имрӯз оғоз ёфта, то 25 март идома хоҳад ёфт

Ҳангоми қарор доштани вакилон дар минтақаҳо онҳо тасмим доранд паёми навбатии президентро шарҳ диҳанд ва аз назари интихобкунандагон доир ба ҷараёни қонунофарӣ огаҳӣ ёфта, бо вазъи иҷтимоиву иқтиосдӣ ва мушкилоти аҳолӣ аз наздик шинос шаванд.

Бояд гуфт, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26 январи соли ҷорӣ паёми худро ба парлумон ироа кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ аз вакилон дархост намудааст, ки ба вохӯриҳо бо интихобкунандагон ҷиддӣ омодагӣ гирифта, ба мушкилоти онҳо гӯш андозанд ва ҳамаи бандҳои паёми президентро возеҳу равшан ба онҳо шарҳ диҳанд.

Ин сафар дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон гилаҳо аз камфаъолиятии вакилон ва шинохта набуданашон дар миёни мардум зиёд садо медиҳанд.

Ёдовар мешавем, вакилон аввали сол низ барои мулоқот бо аҳолӣ рафта буданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий