Тоҷикистон аз рӯи сатҳи пасти сирояти коронавирус дар ИДМ аввал шуд
Бино бар додаҳои Кумитаи омори ИДМ, дар Тоҷикистон сатҳи пасти сироятшавӣ аз коронавирус байни кишварҳои иттиҳод ба қайд гирифта шудааст
Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ аз рӯи шумораи ками гирифторшавӣ ба коронавирус аввал шуд, хабар медиҳад Кумитаи омори Иттиҳод.
"Байни кишварҳое, ки аҳолиашон аз коронавирус камтар сироят ёфтаанд, Тоҷикистон ҷои аввалро гирифт. Ҷои дувум Ӯзбекистон ва севумро Қазоқистон соҳиб шуданд. Шумораи зиёди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Арманистон, Молдова ва Украина ба қайд гирифта шудааст", - гуфта мешавад дар хабар.
Ёдрас мешавем, дар Тоҷикистон аз авалҳои январ ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Бино бар омори ахир, дар кишвар 13 308 нафар аз COVID-19 сироят ёфта, 13 208 кас аз он шифо ёфтаанд. 90 кас қурбони коронавирус шуданд.
Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои СУТ, дар саросари ҷаҳон то имрӯз 114,6 миллион нафар гирифтори коронавирус шуда, 2,5 миллион аз он фавтидаанд.
Дар кишварҳои ИДМ 6,7 миллион ҳолати коронавирус тасдиқ ёфта, шумораи ҳалокшудагон аз ин вирус ба 100 ҳазор расидааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳолатҳои марг дар Иттиҳод дар соли 2020 ба 15 дар сад афзоиш ёфтааст.
Комментарии (0)