Аввалин ваксинаи зидди COVID-19 ба Тоҷикистон расид: дақиқ шуд киҳо нахуст эм мешаванд
Дар доираи барномаи COVAX ба Тоҷикистон аввалин бастаи ваксинаи аврупоӣ алайҳи коронавирус AstraZeneca ворид карда шуд
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки нахустин бастаи ваксинаи коронавируси AstraZeneca ба Душанбе шоми гузашта оварда шуд.
"Шоми 8 марти 2021 дар чаҳорчӯби ин механизм қисми якум дар ҳаҷми 192 000 воя ваксина тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд",-иттилоъ додааст, вазорат.
Ба иттилои манбаъ, кишвар мувофики барномаи COVAX бастаи якуми ваксинаи аврупоиро зидди COVID-19-ро гирифт.
Ба таъкиди вазорат, дар марҳилаи аввал тибқи Нақшаи миллӣ ваксинаҳои тавассути механизми Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ/COVAX воридшуда барои фарогирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм нигаронида шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар баробари ин, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати фарогирии бештари аҳолӣ бо иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд ва вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯиҳо вусъат дода шудаанд.
Қаблан масъулини Вазорати тандурустии кишвар гуфта буданд, ки дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 5,8 миллион нафар бояд алайҳи коронавирус эм карда шаванд.
Комментарии (0)