< Узрхоҳии раиси ВМКБ аз мардуми вилоят » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Узрхоҳии раиси ВМКБ аз мардуми вилоят

Узрхоҳии раиси ВМКБ аз мардуми вилоят
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, мегӯяд, новобаста ба пешравиҳое, ки дар соли 2020 ба даст омадаанд, ин дар қиёс бо мушкилот ва имкониятҳои вилоят нокифоя мебошад

Файзов зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати ВМКБ аз сокинони вилоят узрхоҳӣ кард.

“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.

Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор”, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.

Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ мекунанд. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.

Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки соли равон дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ гардид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий