< Ошкори сарфи нодурусти маблағҳо дар "Роғун" ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҳир Саидзода » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ошкори сарфи нодурусти маблағҳо дар "Роғун" ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҳир Саидзода

Ошкори сарфи нодурусти маблағҳо дар "Роғун" ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҳир Саидзода
Тоҳир Саидзода, роҳбари ширкати сохтмонии “Файзи Истиқлол-25” барои сарфаи нодурусти маблағҳо дар сохтмони НБО Роғун боздошт шудааст

Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, дар умум истифодаи нодурусти маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 124,5 миллион сомонӣ дар НБО Роғун ошкор шудааст.

Номбурда гуфт, нисбати роҳбари ширкати сохтмонии “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода, ки яке аз пудратчиёни сохтмони НБО Роғун, барои азхудкунии маблағҳои буҷа дар ҳаҷми 2,8 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Вай қайд кард, ки қариб тамоми маблағи азхудшуда баргардонида шуд.

Тибқи иттилои муовини якуми Оҷонсии мубориза бо коррупсия Музаффар Аҳмадзода дар якҷоягӣ бо Палатаи ҳисоб истифодаи ғайримақсадноки 818,8 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои барои мубориза бо коронавирус ҷудошуда ошкор шудааст.

Номбурда ҳамзамон гуфт, 48 ҷинояти дигар дар мавриди фурӯши доруҳое, ки ба беморхонаҳо барои паҳнкунии ройгон барои беморони сирояти коронавирус фиристода шудаанд, ошкор карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий