< Аз мансаб сабукдӯш шуданд: Воҳидов 5 - корманди рондашудаи мақомоти андозро ном бурд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Аз мансаб сабукдӯш шуданд: Воҳидов 5 - корманди рондашудаи мақомоти андозро ном бурд

Аз мансаб сабукдӯш шуданд: Воҳидов 5 - корманди рондашудаи мақомоти андозро ном бурд
Дар Суғд панҷ корманди идораи андозро бо ҷурми даст задан ба ҷиноят дар вақти фаъолияти корӣ аз вазифа сабукдӯш кардаанд

 Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи барканории панҷ корманди зертобеъи ин ниҳод иттилоъ дод.

Бино ба иттилоъи манбаъ ин панҷ корманди идораҳои нозироти андоз соли гузашта дар ду ҳолат ҷиноят содир намудаанд ва ба ҳамин сабаб аз вазифа сабукдӯш шудаанд.

Воҳидов дар посух ба саволи рӯзноманигорон аз панҷ корманди рондашуда ном бурд ва тавзеҳ дод, ки онҳо кормандони кадом идораҳои андоз буданд.

"Бобоев Даврон Мухторҷонович, мудири бахши нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон, Муродов Мирзобек Баҳруллоевич, сармутахасиси нозироти андози ноҳияи Зафаробод, Ҷумъаев Олимхон Муродхонович, муовини сардори нозироти андози ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ғафуров Парвизҷон сармутахассиси нозироти андози шаҳри Бӯстон ва Шарипов Орифҷон сармутахассиси нозироти андози шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани ҷиноят аз мансаби ишғолнамудаашон сабукдуш карда шуданд", -  гуфт Сардори Раёсати андоз.

Абдуқаюм Воҳидов таъкид намуд, ки барои коҳиш додани иртиботи андозсупоранда бо андозситон, ки эҳтимол боиси рух додани амалҳои коррупсионӣ мегардад, соли гузашта аз сӯи мақомоти андоз 20 барномаи нави компутерӣ насб ва мавриди корбурд қарор дода шудааст.

"Ҳоло дар идораҳои нозироти андоз дар вилояти Суғд шумори чунин барномаҳои компутерӣ ба 56 адад баробар шудааст, ки тавассути онҳо 56 ҳазор андозсупоранда метавонад бе омадан ба назди андозситон эъломияҳои андозиро супорад", - қайд намуд Воҳидов.

Комментарии (0)

Оставить комментарий