< Кӯдаки 4 - сола дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуд: рӯйи яхи дарё бозӣ кардааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Кӯдаки 4 - сола дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуд: рӯйи яхи дарё бозӣ кардааст

Кӯдаки 4 - сола дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шуд: рӯйи яхи дарё бозӣ кардааст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ноболиғ аз ҳисоби беназоратии волидон дар рӯди Кофарниҳон яхбозӣ карда, ғарқ шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуш дар деҳаи Зайнолободи ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, наҷотбахшон рӯзи 30 январ, тақрибан соати 14:07 дақиқа хабари дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудани кӯдакро дарёфт намуданд.

Зимнан, дастаи наҷотбахшон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷисми беҷони кӯдаки 4 - соларо аз дарё бурен оварданд.

Манбаъ меафзояд, иллати ғарқ шудани кӯдак беаҳамиятӣ ва беназоратии волидони ӯ мебошад. Зеро марҳум, дар болои яхи тунук, дар рӯди Кофарниҳон бозӣ карда, баногоҳ зери об рафтааст.

Гуфта мешавад, ҷасади кӯдак ба мақомотҳои марбута супорида шуд.

Зимна, КҲФ аз тамоми падарону модарон даъват мекунад, ки фарзандони худро беназор намонанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий