< Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд?

Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд?
Ҳудуди 1 миллиону 800 ҳазор нафар дар Тоҷикистон алайҳи маризии сироятии коронавирус эмгузаронӣ мешаванд

Дар Тоҷикистон маъракаи эмгузаронӣ аз маризии сироятии коронаиврус миёнаҳои имсол оғоз мешавад, хабар медиҳад Вазорати беҳдошт.

Ба иттилои манбаъ дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, шахсоне, ки гирифтори маризиҳои музмин ҳастанд ва ашхоси аз 50 - сола боло бо ваксин таъмин мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳудуди 1 миллиону 800 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бояд алайҳи ин беморӣ эм гиранд.

Зимнан, чанде пеш роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ аз кишварҳое, ки миқдори муайяни ваксинаро дастрас мекунанд, дархост намуд, то дар мадҳи аавал табибону пиронсолон, нафарони дорои бемориҳои мармуз ва омӯзгорон эмгузаронӣ карда шаванд.

Дар Тоҷикистон давоми 20 рӯз мешавад, ки ягон мавориди сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Вазорати беҳдошт мегӯяд, аз 13 308 гирифтори коронавирус, 90 бемор ҷон бохта, боқимонда ҳама шифо ёфтанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон мегуфтанд барои воридоти ваксина бо Русия вориди гуфтугӯ шудаанд, аммо ҳоло аз гуфтаҳои масъулини ниҳоди тандурустии кишвар бармеояд, ки ба умеди воридоти ройгони вояи зидди коронавирус гаштаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий