Таъйиноти кадрӣ дар ҳукумати Суғд: Маъруф Муҳаммадзода, вазифаи нав гирифт
Маъруф Муҳаммадзода, собиқ раиси шаҳри Хуҷанд дар ҳукумати вилояти Суғд ба вазифаи нав таъйин шудааст
Бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд, Маъруф Муҳаммадзода мудири бахш оид ба сохтмон дар ҳукумати Суғд таъйин шудааст.
“Маросими муаррифии Муҳаммадзода ба мақоми нави вазифавӣ имрӯз дар ҳукумати вилояти Суғд доир шуд”, гуфт манбаъ.
Ба иттилоъи манбаъ, собиқ шаҳрдори Хуҷанд дар ин мақоми нави вазифавӣ дар ҳукумати Суғд, ба ҷойи Аминҷон Бобоҷонов таъйин шудааст.
Бо омадани Муҳаммадзода Бобоҷонов ба куҷо рафтааст, зимнан маълум нест.
Маъруф Муҳаммадзода 29 июли соли 1962 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис - сохтмончӣ хатм намудааст.
Солҳои 1985 – 1986 дар вазифаи муҳандиси шуъбаи техникии трести "Сельстрой-2"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда, солҳои 1986 – 1990- фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун муҳандиси шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, устои КСМ-44-и трести "Сельстрой-2"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома додааст.
То соли 2011 дар ба сифати муҳандис дар корхонаҳои сохтмонӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2011 – 2014 дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.
Аз январи соли 2015 то соли 2017 дар вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 31 марти соли 2017 Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Маъруф Муҳаммадзода дар поёни соли 2017 раиси шаҳри Хуҷанд таъйин шуда то соли 2020 дар ин вазифа се сол кор кард.
Санаи 18 ноябри соли 2020, ӯ бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ин мақоми шаҳрдорӣ барканор гардид ва ба ҷои ӯ Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд таъйин шуд.
Комментарии (0)