Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард
Дар умум дар робита бо ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзи аксари кишварҳо, сатҳи муҳоҷират дар Тоҷкистон коҳиш ёфт
Дар давоми соли 2020 - 740,2 ҳазор шаҳрванд Тоҷикистонро тарк кард, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли гузашта, 1 миллиону 517 ҳазор ё 67,2% камтар аст.
Ҷуғрофияи сафари шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби агентӣ дақиқ гуфта нашудааст.
Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин омадаанд: Ӯзбекистон - 271,5 ҳазор (66,2% аз шумораи умумии воридшудагон), Русия - 54,9 ҳазор (13,4%), Қирғизистон - 45,9 ҳазор ( 11,2%), Қазоқистон - 9,3 ҳазор (2,3%).
Аз кишварҳои хориҷии дур ба Тоҷикистон бештар аз Афғонистон - 6 ҳазор нафар (1,5%), Чин - 3,1 ҳазор нафар (0,8%), Туркия - 2,7 ҳазор нафар (0,7%), 1,9 ҳазор нафар (0,5%), Эрон - 1,3 ҳазор нафар (0,3%), ИМА - 1,2 ҳазор нафар (0,3%), Олмон - 0,5 ҳазор нафар (0 , 1%), Покистон - 0,4 ҳазор нафар (0,1%) сабт шудааст.
Комментарии (0)