< Дар Душанбе марде барқро ба фурӯшандаҳо бо нархи баланд фурӯхтааст. Ӯро боздошт карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе марде барқро ба фурӯшандаҳо бо нархи баланд фурӯхтааст. Ӯро боздошт карданд

Дар Душанбе марде барқро ба фурӯшандаҳо бо нархи баланд фурӯхтааст. Ӯро боздошт карданд
Кормандони милиса як сокини шаҳри Душанберо бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд, ки ғайриқонунӣ аз фурӯшандаҳои яке аз бозорҳои пойтахт барои барқ пул ҷамъоварӣ кардааст.

 Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохила марди 46-сола бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкорони бозори ҶДММ Маркази савдои "Ховарон" даромада, 1-квт нархи қувваи барқро 0.75 дирам ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ намудааст.

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи хулосаи Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии қувваи барқ барои 1-квт ба маблағи 0.65-дирамро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда, то санаи 23-юми декабри соли 2020, ба маблағи 0.75-дирамӣ ҷамъоварӣ намуда, ҷамъ 36 ҳазору 757-сомонию 13-дирамро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аммо ин ниҳод дар иттилоияаш мушаххас накардааст, ки гумонбар ба ҳайси кӣ ва дар кадом асос аз "тоҷирон" барои нерӯи барқ пул ситонидааст.

Манбаъ мегӯяд, нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий