< Дар Душанбе хатсайри нав ба роҳ монда мешавад: то фурудгоҳ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе хатсайри нав ба роҳ монда мешавад: то фурудгоҳ

Дар Душанбе хатсайри нав ба роҳ монда мешавад: то фурудгоҳ
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии рақами 2 ба фаъолият оғоз менамояд. Ин троллейбус мардумро то фурӯдгоҳ мебарад

Шурӯъ аз 18 январ дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии №2 ("Маҳаллаи Зарафшон — Фурудгоҳ")  ба фаъолият оғоз менамояд.

Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар хатсайри нав троллейбусҳо тавассути хиёбону кӯчаҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Рудакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт  ҳаракат менамоянд.

Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод мегардад.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват менамояд, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий