< То 200 сомонӣ мегирифт: боздошти зани 41 - сола барои ташкили фоҳишахона » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

То 200 сомонӣ мегирифт: боздошти зани 41 - сола барои ташкили фоҳишахона

То 200 сомонӣ мегирифт: боздошти зани 41 - сола барои ташкили фоҳишахона
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Кормандони милитсия зани 41 - соларо боздошт намуданд, ки дар ташкили фоҳишахона муттаҳам дониста мешавад, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда сокини ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан буда бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ӯ рӯзи 5 январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 27 ва зани 32-солаи сокинони шаҳри мазкур шароит муҳайё намуда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Зимнан, рӯзи 9 декабр низ чунин шароитро барои ҷавони 21 ва зани 32 - сола муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий