< Вазорат: ягон ҳолати COVID-19 сабт нашуд, касе нафавтид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вазорат: ягон ҳолати COVID-19 сабт нашуд, касе нафавтид

Вазорат: ягон ҳолати COVID-19 сабт нашуд, касе нафавтид
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашуд

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ то 11 январ дар кишвар 13 ҳазору 308 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

“Аз ин шумора то санаи зикргардида 13 ҳазору 215 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Тибқи иттилое, ки Вазорати тандурустӣ нашр кардааст, феълан дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ се нафар гирифтори коронавирус мебошанд. Таъкид шудааст, ки 3 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки ин беморӣ дар хона зери назорати табибон қарор доранд.

Бар асоси оморе, ки Вазорат ҳамарӯза нашр мекунад, имсол дар Тоҷикистон 10 январ се гирифтори коронавирус, 5-уми январ - 5 нафар ва дуюми январ - 4 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Дар рӯзҳои дигар ягон ҳолати гирифторӣ сабт нашудааст.  

Комментарии (0)

Оставить комментарий