Бистарӣ шудани ҷавони 20-сола аз зарби корд дар Душанбе
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 24-сола хабар медиҳад, ки ҷавони 20-соларо бо зарби корд захмӣ кардааст
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 5-уми январ, тахминан соати 17:30, дар кӯчаи Н.Махсуми пойтахт шахсони номаълум аз ҳиссиётӣ авбошӣ, бе ягон асос писараш ҷавони 20-соларо лату кӯб намудаанд.
Ҳамчунин авбошон бо корди дар дасташон буда, 1-маротиба ба пой ва шикамаш задаанд.
"Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад", - омадааст дар хабарнома.
Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)