COVID - 19 нест: Вазорати тандурустӣ омори ҷадид нашр кард
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон ягон мавориди мубталошавии сокинон ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, то 8 январ дар кишвар 13305 нафар гирифторони сирояти коронавирус сабт гардиданд.
То ҳол аз ин шумора 13 191 нафар ё 99,1 дарсади дардмандон шифо ёфтанд.
Бояд тазаккур дод, ки аз замони хуруҷи маризии коронавирус то ҳол 90 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ҳамзамон, 24 нафари боқимонда бо нишонаҳои сабуки бемории мазкур дар хона зери назорати дармонгоҳӣ қарор доранд.
Комментарии (0)