< Бо фармони Раҳмон ваколати судяи суди вилояти Хатлон қатъ шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Бо фармони Раҳмон ваколати судяи суди вилояти Хатлон қатъ шуд

Бо фармони Раҳмон ваколати судяи суди вилояти Хатлон қатъ шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои як фармон ваколатҳои судя Амонзода Аскаралиро қатъ намуд

Бар асоси фармон, ки котиботи раисиҷумҳур нашр кардааст, далели қатъи ваколатҳои Амонзода фавташ мебошад.

"Ваколати судяи суди вилояти Хатлон Амонзода Аскаралӣ бинобар вафоташ қатъ карда шавад", - омадааст дар фармон.

Дар Тоҷикистон судҳои сатҳи гуногун, аз ноҳиявӣ то додгоҳи олиро раисиҷумҳур таъйин мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар мулоқот бо мақомдорони додгоҳҳо аз аҳамияти ин ниҳод дар таъмини адолат дар кишвар гуфта, масъулинро ба кор бо дасту дили пок даъват намуд.

"Бори дигар таъкид менамоям, ки судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад" – гуфт раисҷумҳур.

Комментарии (0)

Оставить комментарий