Мошини “Дулан” ба чуқурии 500-метра чаппа шуд: ронанда ба ҳалокат расид
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи як садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” ронандаи 54-сола ба ҳалокат расидааст
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин садамаи маргбор санаи 5 январ соати 11:30-дақиқа дар ҳудуди мавзеи “Тагоби Хушекат”-и ҷамоати деҳоти Айнӣ рух додааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, Маърупов Файзулло Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди мавзеи “Тагоби Хушекат”-и ҷамоати деҳоти Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 400-500 метр чаппа шудааст.
ВКД-и Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар натиҷа, худи ронанда, Маърупов Файзулло ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир, аз сӯи кормандони милитсия таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад.
Комментарии (0)