< Иҷора гирифту ба фоҳишахона табдил дод: боздошти зани 34 - сола дар Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Иҷора гирифту ба фоҳишахона табдил дод: боздошти зани 34 - сола дар Душанбе

Иҷора гирифту ба фоҳишахона табдил дод: боздошти зани 34 - сола дар Душанбе
Кормандони милитсия дар Душанбе занеро боздошт намуданд, ки манзили ба иҷорагирифтаи худро ба фоҳишахона табдил дод

Сокини 34 - солаи Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдории фоҳишахона дастгир гардид, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, номбурда дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт ба ду ҷуфт,  марди 36 ва зани 29 - сола, ки яке сокини Душанбе ва дигаре сокини Ҳисор мебошад, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Инчунин, номбурда ба ду ҷуфти дигар аз Душанбе айнан чунин шароит фароҳам оварда, бар ивази он 150 сомонӣ гирифт.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, далели дигар низ ошкор шуда, марди 29 ва зани 39 - сола, сокинони пойтахт аз манзили иҷорагирифтаи ин зан истифода намуда, ба ӯ 150 сомонӣ мукофотпулӣ доданд.

Манбаъ меафзояд, феълан аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий