< Боздошти корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: беш аз 200 ҳазор сомонӣ гирифт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: беш аз 200 ҳазор сомонӣ гирифт

Боздошти корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: беш аз 200 ҳазор сомонӣ гирифт
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон корманди “Суғдзаминсоз”-ро бо иттиҳоми заминфурӯшӣ боздошт кардааст 

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Ҳакимов  Ҳакимхон  Ваҳобович  дар вазифаи техник заминсози Корхонаи давлатии фаръии “Суғдзаминсоз” кор карда истода даст ба чунин кор задааст.

Номбурда аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Раҳимов Ҳакимҷон Садриддинович ба боварии шаҳрванд Раупов Акрам Расулови даромада, барои аз ҳудуди заминҳои маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ҷудо карда додани қитъаи замин аз охирин маблағи 206 ҳазору 150 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст.

Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ин, нисбат ба Ҳакимов Ҳ.В. ва Раҳимов Ҳ.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий