Арзиши шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон шуд
Ҳазинаи сабти номи ширкати тиҷорӣ низ, ки қаблан ҳазору 450 сомонӣ буд, ба ҳазору 500 сомонӣ расидааст.
Пардохти ҳуҷҷатҳо, ҷаримаҳо ва литсензияҳо барои фаъолияти бахши хусусӣ дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2021 зиёд карда шуд, гузориш медиҳанд расонаҳо.
Акнун ҳазинаи дарёфт ва ё тамдиди муддати эътибори гузарномаи хориҷӣ, ки қаблан 87 сомонӣ буд, ба 90 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин барои сабти номи Созмони байналмилалӣ бояд 6 ҳазор сомонӣ пардохт кард, дар ки ин рақам қаблан 5 ҳазору 600 сомонӣ буд.
Ҳазинаи сабти номи ширкати тиҷорӣ низ, ки қаблан ҳазору 450 сомонӣ буд, ба ҳазору 500 сомонӣ расидааст.
Ҳазинаи дарёфти гувоҳинома барои мутақозиёни фаъолият дар бахши хусусии Тоҷикистон низ аз 58 сомонии қаблӣ ба 60 сомонӣ расидааст.
Дар маҷмӯъ, арзиши пардохтҳо дар ҳамаи шӯъбаҳо барои баровардан ва тасдиқи ҳуҷҷатҳо ба мизони 3,4 фоиз дар муқоиса бо соли 2020 афзудааст.
Комментарии (0)